МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ

Февраль 10, 2025 16:47

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ба тавсиб расид.

Бо назардошти аҳаммият ва нақши хос доштани Конститутсия дар рушди ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Воқеан ҳам саҳм ва нақши Конститутсияи Тоҷикистон (соли 1994) дар созмонёбӣ ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бисёр муҳим ва калидӣ мебошад, чунки арзишҳои бунёдии ҷомеа (хусусияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, гуногунандешии сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ, волоияти қонун, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ва дигарҳо) дар он сабт гардидаанд. Азхуд намудани ин арзишҳои бунёдӣ аз ҷониби шаҳрвандон барои пешрафти ҷомеа ва давлат, суботи сиёсӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур ва муҳим мебошад.

Зариф АЛИЗОДА

«Маърифат» — калимаи арабӣ буда, дониш, омӯзишу парвариш ва таълиму тарбияро дар бар мегирад. Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқиро фаро мегирад.

Дар иртибот ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 нақшаи дахлдор тасдиқ гардид, ки дар он чорабиниҳои гуногун барои амалӣ гардонидани ин иқдом пешбинӣ шуданд.

Вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 аз ҷониби тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, дар доираи он корҳои зиёди мақсаднок амалӣ карда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пешбурди корҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва дигар ташкилот гурӯҳҳои кории доимамалкунанда таъсис гардиданд, ки тибқи нақшаи дахлдор фаъолиятро дар ин самт амалӣ намуданд. Аз ҷумла, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисон созмон ёфт, ки онҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо аҳолӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузарониданд.

Ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 рамзи он таҳти унвони «Соли маърифати ҳуқуқӣ — 2024» бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 тасдиқ гардид. Рамз ва тавсифи «Соли маърифати ҳуқуқӣ — 2024» дар ҷомеа ба таври васеъ истифода шуд.

Бо мақсади азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ,  огоҳӣ пайдо намудани шаҳрвандон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ шиору овезаҳо ва маводи дигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, таблоидҳои калон дар шаҳру ноҳияҳо ва канори шоҳроҳҳои мошингард ҷойгир карда шуда, биноҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилот бо онҳо оро дода шуданд.

Гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷумлаи тадбирҳои асосӣ ва муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардиданд, ки корҳои мақсаднок ва судманд гузаронанд. Махсусан, тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути ташкил ва баргузор намудани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари оммавӣ доир шуданд.

Зайниддин СОИБОВ

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 аз ҷониби кормандони вазорат ва сохторҳои зертобеи он 15 909 чорабинӣ, аз ҷумла 11 858 вохӯрию суҳбат тавассути телевизион ва радио гузаронида шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чунин чорабиниҳо дар байни наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳо баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамзамон масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ тарғибу ташвиқ шуданд.

Дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шащрвандон нақши воситаҳои ахбори омма муҳим арзёбӣ мегардад. Махсусан, ташкили барномаҳои телевизионӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар ин самт ҷойгоҳи хоссаро доро буд. Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, ба монанди «Телевизиони Тоҷикистон», «Телевизони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Илм ва табиат», «Синамо» ва Радиои Тоҷикистон силсилабарномаҳо барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ташкил шуданд, ки ба онҳо олимон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, намояндагони мақомоти давлатии гуногун ва шахсони дигар ҷалб гардида, масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аз ҷараёни чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил гардида буданд, хабару гузоришҳо таҳия ва инъикос намуданд. Хусусан, тавассути барномаҳои иттилоотӣ ҳамарӯза ин чорабиниҳо инъикос гардида, шарҳу мусоҳибаҳо сабт ва манзури шунавандагон шуданд.

Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа корҳои амалӣ доир шуданд. Чунончи, аз ҷониби онҳо чорабиниҳо ва ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ, ба монанди конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари сатҳҳои гуногун (аз ҷумла, конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол» аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «15-солагии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият ва дурнамои он» аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ғайра), хонишҳо ва машғулияти идоравӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.

Ҳамасола бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор мегардад. 1 ноябри соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз мақомоти адлияи кишварҳои хориҷӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шахсони дигар ирштирок намуданд. Дар доираи форум дар бахшҳои он масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ муҳокима гардида, тавсияҳо қабул гардиданд.

Дар иртибот ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби муҳаққиқон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва шаҳрвандон теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма ба нашр расиданд. Мақолаҳо атрофи масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз қабили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҷомеа, мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, нақши Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра мебошанд.

Яке аз даствордҳои муҳим дар соли 2024- ин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол ва Соли маърифати ҳуқуқӣ ба нашр расидани тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тафсир аз ҷониби олимони варзида таҳия гардида, дар он мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ба таври васеъ тавзеҳ дода шудааст.

Ҳамзамон дар ин сол «Фарҳанги истилоҳоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби олимон ба нашр расид, ки дар он ибора ва истилоҳоте шарҳу тавзеҳ дода шудаанд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардидаанд. Мавод ба дарки дурусти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, барои доираи васеи одамон, кормандони мақомоти давлатӣ, муҳаққиқон, пажуҳишгарон, донишҷӯён ва дигар шахсон тавсия шудааст.

Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» эълон гардид ва дар иртибот ба ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2024 ба тасвиб расид. Озмун бо мақсади муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва илмию оммавӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти касбияти мутахассисон ва олимон ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ доир гардид.

Озмун дар 3 номинатсия – беҳтарин китоби илмӣ, беҳтарин мақолаи илмӣ, беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ баргузор гардид. Ба Комиссияи озмун 98 мавод, аз ҷумла 18 мавод дар номинатсияи беҳтарин китоби илмӣ, 17 мавод дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ ва 64 мавод дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ пешниҳод гардиданд Комиссияи озмун бо ҷалби коршиносони соҳавӣ маводи пешниҳодгардидаро дар якчанд марҳила мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа аз байни онҳо дар номинатсияҳои “Беҳтарин китоби илмӣ”, “Беҳтарин мақолаи илмӣ” ва “Беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ” маводи беҳтарин интихоб гардиданд. Ғолибони Озмун бо диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бо мақсади таъмини ягонасозии истилоҳоти ҳуқуқӣ, ки ба мураттаб сохтан ва истифодаи дурусту муносиби мафҳумҳо ва ибораҳои ҳуқуқӣ мусоидат менамояд, бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимамалкунандаи байнидоравӣ доир ба ягонасозии истилоҳоти ҳуқуқӣ таъсис ёфт, ки ба ҳайати он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули вазорату идораҳои давлатӣ ворид гардиданд. Тавре маълум аст, дар назария ва амалияи ҳуқуқӣ истилоҳоти ҳуқуқӣ аҳаммияти муҳим дошта, асоси санадҳои ҳуқуқӣ ва назарияҳои илмиро ташкил медиҳанд. Дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ дар баъзе мавридҳо ҳолатҳоеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки онҳо боиси гуногунфаҳмии истилоҳоти ҳуқуқӣ гардида, дар амалия мушкилот ба миён меоранд. Хусусан, дар баъзе мавридҳо аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳуқуқтатбиқкунанда истилоҳоти ҳуқуқии дар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ пешбинишуда бо мазмуни гуногун шарҳу тавзеҳ дода мешаванд, ки сабаби душвориҳо мегарданд.

Яке аз роҳҳои маъмул ва самараноки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ- ин иттилооти ҳуқуқӣ мебошад, ки дар шаклҳои гуногун пешниҳод мегардад. Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба раванди иттилоотонии ҳуқуқии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар айни замон бо мақсади таъмини иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сомонаҳои расмӣ ва порталҳои ҳуқуқии дахлдор таъсис ёфтаанд, ки ба таъмини иттилооти ҳуқуқии шаҳрвандон ва дастрасии саривақтии маълумоти ҳуқуқӣ равона гардидаанд.

Яке аз низоми иттилоотие, ки ҳоло дар мамлакат ба таъмини шаҳрвандон бо иттилооти ҳуқуқӣ мусоидат менамояд, ин махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» мебошад, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Бояд гуфт, ки ин низом пайваста такмил дода мешавад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ такмили махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» ва таъмини дастрасии васеи ройгони он дар соли 2024 ба нақша гирифта шуд.

Махзан аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, тибқи барномаи нав таҳия гардид. Барномаи нави махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» нисбат ба барномаи қаблӣ дорои имконияти зиёд, аз қабили бо забони тоҷикӣ пешкаш намудани интерфейси барнома, функсияи муқоиса бо ду забон ва инчунин муқоисаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйироти қаблӣ, бартарафсозии мушкилиҳо вобаста ба ҳуруфи забони тоҷикӣ ва функсияҳои ҷустуҷӯ ва дигар имконият мебошад. Ҳамзамон барои такмили махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» ва таъмини дастрасии васеи ройгони он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар тадбирҳои самарабахш амалӣ шуданд.

Дар алоқамандӣ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ тадбирҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақвият ёфтанд. Аз ҷумлаи чунин тадбирҳо омода намудан ва тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намудани барномаҳои мобилӣ барои наврасон, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мустанад, видеороликҳо, намоишҳои тарбиявӣ ва тарғиботию ташвиқотии дигар мебошанд. Тавре аз фаъолияти вазорату идораҳои мамлакат  маълум мешавад, аз ҷониби онҳо дар ин самт якчанд корҳо ба сомон расонида шуданд. Хусусан, аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ, видеороликҳо, намоишҳои тарбиявӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ бахшида ба 30-солагии қабули ин санади олии сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ омода ва паҳн гардиданд, ки дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбат расониданд.

Дар сомонаҳои вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ тарғиби пайвастаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва шарҳу тавзеҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир шуданд, ки шаҳрвандонро аз фазои ҳуқуқии мамлакат воқиф гардониданд.

Таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз воситаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Соли 2024 бахшида 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ вазорату идораҳо ва дигар ташкилоти давлатӣ якҷо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд корҳои судманд гузарониданд. Корҳо дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ шуда, доираи васеи шаҳрвандонро фаро гирифтанд. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» 3 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе чорабинии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон гузаронида шуд. Аз ҷониби кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он суҳбату вохӯриҳои зиёд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо фарогирии 34 854 шунаванда  анҷом дода шуд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Ҳамин тариқ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 саҳифаи наверо дар фазои ҳуқуқии мамлакат боз намуда, дар заминаи сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи ҳуқуқ чорабиниҳо амалӣ гардиданд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди илми ҳуқуқ ва қонунгузории мамлакат, афзоиши таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дар ин замина ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон Соли маърифати ҳуқуқӣ боиси беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорӣ байни онҳо гардид.

Бояд гуфт, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва чорабиниҳои ба он мусоидаткунанда дар доираи як сол маҳдуд нагардида, он ҳамеша фарогири ҷомеа ва ҷузъи таркибии сиёсати ҳуқуқии мамлакат мебошад. Бинобар ин, мақомоти давлатӣ ва дигар субъектони дахлдорро зарур аст, ки пайваста дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши муассирро иҷро намоянд, ки ин боиси таъмини волоияти қонун, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтиром нисбат ба қонун ва арзишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа мегардад.

Дар маҷмуъ, маърифати ҳуқуқиро метавон чунин арзёбӣ намуд:

  • яке аз қонунияти муҳимми ҷомеа буда, барои таҳким ва рушди он равона шудааст;
  • қисми фарҳанги умумии ҷомеа буда, дар ҳамбастагӣ бо он рушд мекунад;
  • бо давлати ҳуқуқбунёд алоқаи ногусастанӣ дорад;
  • боиси рафтори ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва сохтору мақомот мегардад;
  • дар заминаи он қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мустаҳкам мешавад;
  • эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд.

Зариф АЛИЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

Зайниддин  СОИБОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Февраль 10, 2025 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид