НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 13 лоиҳаи илмӣ татбиқ гардид

Февраль 14, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 13 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардид. Инчунин 2 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Нуриддин Муҳиддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Дар Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон аз рӯйи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура омода карда мешаванд. Аз соли таҳсили нави 2024-2025 аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо дар постдоктурантура тайёр кардани доктор ҳабилитат оғоз шуд.

Доктори ҳабилитат — дараҷаи олии академие мебошад, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмӣ дода мешавад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз соли нави таҳсили 2025-2026 ду ихтисоси нав – «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» ба барномаи таълимӣ илова мегардад. Ин ихтисосҳо бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин соҳаҳои муҳим қадами нав маҳсуб мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд