НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор парванда баррасӣ гардид

Февраль 6, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки соли 2024 судҳои иқтисодии марҳилаи якум, кассатсионию назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии мамлакат дар маҷмуъ 3 ҳазору 253 парвандаро баррасӣ намудаанд. Дар ин хусус 6 феврал раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки доир ба 3 ҳазору 253 парвандаи баррасишуда 1 ҳазору 716 ҳалномаи судӣ қабул гардид, 136 парванда қатъ, 162 ариза бебаррасӣ мононда шуд, қабули 17 ариза рад ва 3 парвандаю 2 ариза аз рӯи тобеияти судӣ ба баррасӣ ирсол гардиданд. Ҳамзамон 242 аризаи даъвогӣ ва шикоятҳо беҳаракат монда шуданд ва 318 аризаю шикоят бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки дар марҳилаҳои кассатсионӣ 355 парванда, назоратӣ- 295 ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 7 парванда баррасӣ карда шуд.

Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки дар ин давра зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ беш аз 4,2 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт гардид. Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи беш аз 416 миллиону 64 ҳазор сомонӣ талабот арз гардид, аз он зиёда аз 207,5 миллион сомонӣ талаби даъво қонеъ гардид ва ба маблағи беш аз 4,7 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд.

Инчунин Зебонисо Абдуллозода изҳор дошт, ки бобати таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қабл ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ҷамъ ба маблағи умумии 305 миллиону 821 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2023 14 миллиону 995 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 иброз гардид, ки судҳои иқтисодӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳокимияти судиро гиромӣ дошта, барои иҷрои муқаррароти Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва зимни мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, фаъолият намуда, барои иҷрои рисолати конститутсионии баамалбарории адолати судӣ бо ҳисси масъулият соли 2024-ро бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд