НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 53,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Февраль 6, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад.

Тавре Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 6 январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод, соли 2024 дар мамлакат дар ҳаҷми 53,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2023 20,0 фоиз ё ба маблағи 7,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ соли 2024 34 фоиз ба саноати маъдан, беш аз 17 фоиз ба саноати энергияи электрикӣ, зиёда аз 8 фоиз ба саноати мошинсозӣ, 5,4 фоиз ба саноати сабук, 1,0 фоиз ба саноати табъу нашр, 0,3 фоиз ба саноати нафт ва газ, 21,3 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 7,3 фоиз ба саноати сохтмон, 3 фоиз ба саноати пахтатозакунӣ, 1,2 фоиз ба саноати ангишт ва 0,4 фоиз ба саноати об рост меояд.

Таъкид гардид, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини мунтазами Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо истифода аз имконият ва иқтидори мавҷуда тадбирҳои муассир меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд