НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ қадар баланд гардид?

Февраль 12, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои хӯрокворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 17,0 фоиз, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,5 фоиз, сабзавот ва картошка 5,4 фоиз ва равғани растанӣ 4,3 фоиз афзалият дорад. Дар ин хусус директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз қимат шудааст, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ – 16,6 фоиз (гӯшти гов – 28,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 19,9 фоиз ва гӯшти моҳӣ – 2,8 фоиз); равған ва чарбу – 15,8 фоиз (равғани офтобпараст – 11,5 фоиз ва равғани пахта – 10,7 фоиз); нӯшокиҳои спиртдор – 10,4 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ – 9,7 фоиз ва тамоку – 5,8 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нархи маҳсулоти нонӣ ва ярмаҳо – 1,2 фоиз, нӯшокиҳои беспирт – 3,5 фоиз, шакар – 9,5 фоиз ва мевагиҳо 9,7 фоиз арзон шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд