ОГОҲӢ. 25-26 феврал дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
25 феврал дар бештари минтақаҳои водию доманакӯҳӣ ва шаҳри Душанбе бориши борон дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ охири рӯз бориши борон ба барф табдил меёбад. Инчунин дар ағбаҳо ва минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф дар назар аст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 26 феврал дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ шабона гузариши борон ба барф дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ пастшавии ҳарорат то 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати то 9-14 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 20-25 метр дар як сония мевазад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ бинобар номусоидии ҳаво, аз ҷумла хавфи сар задани тарма, яхбандӣ, фаромадани туман ва бадшавии дурии биниш пешгӯӣ мешавад.
Инчунин аз 25 то 27 феврал бинобар бориши борон дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ эҳтиёткор бошанд.
АКС: Dushanbe-travel








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






