Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд

Февраль 13, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар ба муштариёни телеком-операторон ёрӣ лозим ояд, метавон ба толори алоқа муроҷиат намуд. Роҳ муқаррарӣ ва баъзан ҳатто зарурӣ аст: ҳамин тавр, барои барасмиятдарории SIM-корт муштариро зарур аст, ки шахсан ба толор ҳозир шавад. Бо вуҷуди ин бисёр масъалаҳои мобилӣ ба таври дурдаст ҳал карда мешаванд. Иштирокчиёни пешсафи бозор чӣ тавр ба мизоҷон хизмат мерасонанд? Инро дар мисоли ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дида мебароем.

Дар Хадамоти мизоҷони оператор зиёда аз 90 мутахассис кор мекунанд. Онҳо давоми шабонарӯз оид ба тарофаҳо ва опсияҳо машваратҳо медиҳанд, дар танзимкунии гаҷетҳо кумак мерасонанд, ба муштариён маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд. Дар ҷавобгардонӣ ба саволҳои намунавӣ чат-боти Доно кумак мекунад, коркарди як муроҷиат тавассути чат-бот ба ҳисоби миёна 1 дақиқаю 33 сонияро ташкил медиҳад. Лекин кадом воситаҳои хизматрасониро худи мизоҷон интихоб менамоянд?

Мувофиқи омори ширкат, воситаи аз ҳама самаранок онлайн-хизматрасонӣ, яъне коркарди муроҷиатҳо бо ёрии замимаи мобилии «МегаФон Life», шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба шумор меравад. Худ қазоват кунед: ҳар моҳ МегаФон Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 85 000 занги телефониро аз муштариён қабул мекунад. Қариб  80 фоизи чунин муроҷиатҳо дар хати аввал аз ҷониби мушовире, ки зангро қабул кардааст, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд – танҳо дар ҳолатҳои нисбатан мураккаб мутахассисони соҳавӣ ба масъала ҳамроҳ мешаванд. Ба тариқи «МегаФон Life» дар як моҳ зиёда аз 90 000 муроҷиат ворид шуда, дар хати аввал аллакай 97 фоизи муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Воситаҳои дигари муроҷиат ба оператор низ мавҷуд ҳастанд. Масалан, ҳуҷраи шахсии муштарӣ (ба тариқи он ҳармоҳа ба ҳисоби миёна 3 500 муроҷиат ворид мешавад), Facebook, Instagram ва Telegram (мутаносибан 3 800, 3 000 ва 2 700 муроҷиат дар як моҳ). Гӯё ки рақамҳо начандон калонанд, лекин аз ҳама муҳим он аст, ки чунин воситаҳои хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд ва аз байни онҳо метавон воситаи аз ҳама мувофиқро интихоб намуд. Ҳиссаи ҷавобҳо дар хати аввали ин воситаҳо ҳамчунин хеле баланд аст, ки он 95-98 фоизро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки суръати баррасии муроҷиатҳо низ баландтар аст.

Онлайн-каналҳо ҳангоми дастрас будани интернет кор мекунанд. Пас ҳангоми набудани интернет, масалан, вақте ҳаҷми баста ба поён расида, бастаи нав ҳоло пайваст нашудааст, чӣ бояд кард? Барои чунин ҳолатҳо SMS-канали махсус мавҷуд аст. Аз тариқи он дар як моҳ 9 500 муроҷиат ворид мешавад. Дар омади гап, агар дар ягон ноҳия дар фаъолияти хизматрасонии таҳвили маълумот ягон вайронӣ ба амал омада бошад, дар ин бора операторро метавон маҳз тариқи SMS огоҳ намуд – мутахассисони техникӣ фаъолияти шабакаро зудтар барқарор мекунанд.

Маҳз ҳамин тавр хадамоти самараноки мизоҷон фаъолият мекунад: муштарӣ имкон дорад, ки ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо яке аз роҳҳои сершумор муроҷиат намояд. Саволҳои мобилӣ доред? Онҳоро онлайн, зуд ва босифат аз тариқи воситаҳои зерин ҳал кунед:

Телеграм: @megafon_dono_bot

Браузер:  https://lk.megafon.tj/

Facebook: https://www.facebook.com/megafontj

Instagram:  https://instagram.com/megafontj?igshid=gv2stcjrmwom

WhatsApp: 907700500

Facebook Messenger: m.me/mftchatbot

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 13, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
5 декабр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии вилояти Суғд ба фасли зимистон баррасӣ гардид
Дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд