ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар технопарки «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол мегардад
ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2024-2025 технопарки «Фановар»-ро пурра аз таъмири асосӣ бароварда, асбобу таҷҳизоташро таъмиру таҷдид намуд. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 иброз дошт, ки “таъмиру таҷдиди Парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баён намуда буданд, амалӣ карда шуд”.
Таъкид гардид, ки ҳоло донишҷӯёни факултаи муҳандисӣ –технологӣ дарсҳои озмоиширо лар парки технологии «Фаровар» мегузаронанд. Дар айни замон дар парки технологии донишгоҳ ҳасиб, ҳасибчаҳо дар шакли буғпаз ва дудпаз, макарон, истеҳсоли консерваҳои мевагию сабзавотӣ, аз ҷумла хӯришҳо, мураббо, шарбатҳои мевагӣ ва афшураҳои меваю сабзавот истеҳсол шуда, дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 таъкид намуда буданд, ки «вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои ба талаботи замон мувофиқ намудани фаолияти паркҳои технологӣ то охири соли 2024 тадбирҳои дахлдор андешанд».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






