«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Февраль 25, 2025 16:42

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни конфронс иброз гардид, ки ҳамасола ин конференсия дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардида, имсол бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд. Дар конфронс намояндагон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Узбекистон ва Словакия ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳамаи иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хизмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, басе бузург аст. Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

«Бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам овардаанд, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, татбиқи усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаю технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мамлакат саҳми фаъолтар гузоранд»,-изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.


Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода вобаста ба нақши меҳварии занону духтарони олим ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, дастовардҳои илмии занон дар самтҳои мухталифи илмӣ ибрози назар намуда, дар сатҳи байналмилалӣ доир гардидани чорабинии илмиро қадами муҳим барои занони соҳаи илми мамлакат арзёбӣ намуд. Зеро имрӯз занону духтарони тоҷик бо дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти нодир ҷоизадорони байналмилалӣ маҳсуб шуда, илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки ин конференсия дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм доир гардид.


Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки таҳлили ҳамасолаи мақолаҳои илмии занон нишон медиҳад, ки занони олиму ихтироъкори тоҷик бо истифода аз техникаю технология ва воситаю абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажуҳиши илмии худ кӯшиш менамоянд. Онҳо тамоми неруро ба афзудани обрӯю эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу хурофот, ифротгароию мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.

Баргузории чунин конференсияҳои илмӣ барои пажуҳишгарони ҷавон, аспирантону магистрантон заминаҳои нави илмӣ муҳайё намуда, шумораи бештари ҷавондухтаронро ба анҷом додани корҳои илмӣ ҳидоят менамояд.


Моҳинави НАВРӮЗ,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2025 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад