Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти ширкати «Париматч Тоҷикистон», «Лигаи футболи Тоҷикистон» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат барои идомаи ҳамкорӣ байни «Лигаи футболи Тоҷикистон» бо ширкати «Париматч Тоҷикистон» нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки ин тасмимро ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо мақсади рушди футболи тоҷик ва саҳмгузорӣ дар рушди футболи клубӣ дар ҷумҳурӣ гирифт.
Соҳибкор Абдусаттор Ҳасанов — роҳбари ширкати «Париматч Тоҷикистон» дар пайравӣ ба ташаббус ва дастурҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии кулли бозиҳои «Лигаи футболи Тоҷикистон» байни дастаҳои Лигаи якумро дар соли 2025 идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 3 феврали соли равон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони вазорату идораҳо роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, роҳбарият ва масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусии мамлакат баргузор гардид.
«Лигаи футболи Тоҷикистон» ва ширкати «Париматч Тоҷикистон» чанд соли охир аст, ки барои рушди футболи клубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.
АКС: ширкати «Париматч Тоҷикистон»













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






