Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо директори бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии «Синхуа» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Юй баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Хайридин Усмонзода оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии марказ маълумот пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки марказ ва ниҳодҳои таҳқиқотии Чин дар сатҳи назаррас ҳамкории илмию таҳлилӣ менамоянд.
Ҷао Юй аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи фаъолияти бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии «Синхуа» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Мавсуф ҳавсмандии ҷониби Агентиро барои рушди ҳамкорӣ дар самти нашр ва паҳни маводи таҳлилӣ бо марказ таъкид намуд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии «Синхуа» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба густариши минбаъдаи равобити Тоҷикистон ва Чин мусоидат мекунад.
Зимни мулоқот директори Агентии «Синхуа» иброз намуд, ки соли равон Саммити Чин+Осиёи Марказӣ (5+1) дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Саммити Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Чин баргузор мегардад. Вобаста ба ин изҳори умед карда шуд, ки бо Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бозтоби иттилотии ин чорабиниҳо ҳамкорӣ амалӣ гардад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иттилоъ дод, ки 10 октябри соли 2025 таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ҳамзамон 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷалби коршиносону таҳлилгарон доир мешавад. Дар ин маврид мусоидати иттилоотии Агентии «Синхуа» дар муарифии раванди ин нишастҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






