ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, шанбе, 32-юмин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 1, 2025 08:05

Дар ин рӯзи соли 1993 дар шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид — Дафтари нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

***

1 феврали соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои қаблӣ ба шиносномаи биометрӣ иваз  шуданд.

***

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

***

Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хати интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

***

1 феврали соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ-иттилоотӣ созишнома ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Олмон оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ шуд.

***

 1 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи Wild Sheep Foundation /WSF/ барои дастовардҳо дар ҳифзи  Аргелӣ — гӯсфанди ёбоии Марко Поло аз Тоҷикистон гардид.

***

1 феврали соли 2023 филми «Дов»-и Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар байни 14 филм ҷоизаи «Таваҷҷуҳи ҳакамон»-ро соҳиб гардид.

1 ФЕВРАЛ:

 Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии ширинӣ.

Февраль 1, 2025 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст