Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самти содирот ва дарёфти роҳҳои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ дар мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ байни ҷонибҳо 58 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 10,1 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии ватанӣ ба бозорҳои Покистон, таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар ҷумҳурӣ ва баромадан ба логистикаи баҳрӣ тавассути бандарҳои Карочӣ, Гвадар ва Қосимии Ҷумҳурии Исломии Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо барои ҳамкорӣ изҳори омодагии худро баён намуданд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






