ЯХОБМОНӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН. Кишоварзон тавассути ин тадбири агротехникӣ метавонанд ҳосили баланди зироат ба даст оранд

Февраль 16, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бориши зиёди барфу борони имсола дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ба яхобмонии замин мусоидат намуд. Агар дар фасли сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими киштукор намии муқаррарӣ пойдор мемонад.

Тавре доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз дошт, яхобмонӣ яке аз тадбирҳои зарурӣ дар бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Ин тадбири зарурии агротехникӣ, пеш аз ҳама, барои бо намӣ таъмин намудани хок равона буда, дар вақти ба охир расидани фасли тирамоҳ ва давоми фасли зимистон гузаронида мешавад. Ин чорабинии зарурии агротехникӣ аз тарафи деҳқонони тоҷик ҳанӯз ҳазорон сол пеш ба ҷо оварда мешуд. Деҳқонони тоҷик тавонистаанд, ки тавассути яхобмонӣ намнокиро дар қабати хок зиёд намуда, ҳосили баланди зироат ба даст орад.

Чорабинии агротехникии яхобмонӣ ба кишоварзон барои нигоҳ доштан ва захира намудани миқдори намнокӣ дар қабати хок, нобуд сохтани ҳашароту касалиҳои зараррасони зироат дар хок ва дар масоҳати решаи дарахтони боғот ва токзор, нигоҳ доштани давраи сабзиш ва гулкунии дарахтони мевадиҳанда дар боғот ва токзор, нигоҳ доштани ҳарорати нисбатан паст дар хок ва дар минтақаи решаронии дарахтон, кам гардонидани ҷараёни бухоршавии намӣ дар хок, кам гаштани шӯрнокии хок,  баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани сифати ҳосил аз ҳисоби захираи зарурии намӣ дар қабати хокро таъмин менамояд.

Давомнокии яхобмонӣ вобаста ба хоку мавқеи ҷойгиршавии замин ва боғоту токзор бояд 3-4 рӯз бошад. Реҷаи обмонӣ бояд суст ва ором бошад, то ин ки об қабати ҳосилхези болои заминро нашӯяд ва эрозияи заминро пеш наорад. Дар боғот ва токзор об дар назди решаи дарахтон набояд ҷамъ шавад ва монеи дохилшавии ҳаво ба қабати решаи дарахтон нагардад. Дарозии ҷӯйякҳои обмонӣ набояд аз 100-150 метр дароз ва онҳо морпечу сарбаста бошанд.

«Дар минтақаи кӯҳистон ба кишоварзон зарур аст, ки миқдори барфро дар бехи дарахтон ҷамъ намуда, шибба карда монанд. Ин метавонад муддате давраи гулкуниро кашол дода, аз хунукиҳои аввали фасли баҳор дарахтонро эмин дорад.

Ҳоло ба кишоварзони ҷумҳурӣ зарур аст, ки ин чорабинии агротехникӣ, яъне яхобмониро дар саросари заминҳо, боғот ва токзор гузаронанд. Онҳо тавассути ин корҳо метавонанд ба нигоҳ доштан ва захираи намнокии қабати хок дар фасли зимистон комёб гарданд», — гуфт Қурбоналӣ Партоев.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад