30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Март 31, 2025 08:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Кувайт яке аз аввалин кишварҳои арабӣ буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. 31 марти соли 1995 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд, ки имсол 30-солагии онро ҷашн мегиранд. Дар ин робита АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода мусоҳиба анҷом дод, то нақши ин равобит дар таҳкими ҳамкории дуҷониба матраҳ гардад.

 — Муҳтарам Сафир, 31 марти соли 2025 рӯзи таҷлили сиюмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мебошад. Ба ин муносибат мехостем, ки дар оғоз оид ба таърихи барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт ва ташаккули минбаъдаи он мухтасар маълумот диҳед.

— Сароғоз мехоҳам хушнудии худро иброз намоям, ки мо имрӯз дар арафаи таҷлили 30 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт қарор дорем.

Аз замони барқарор шудани равобити дипломатӣ (31 марти соли 1995) ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон бо ин кишвари арабӣ дар тамоми арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар заминаи пайвандҳои маънавии таърихӣ ва муштаракоти фарҳангии давоми асрҳо ташаккулёфта устувор рушд меёбад.

Омили асосии рушду таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳони араб, аз ҷумла Давлати Кувайт, пеш аз ҳама, сиёсати хориҷии мутавозин, шаффоф ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷавҳари онро асли “дарҳои боз” ташкил медиҳад. Пайванди дӯстию бародарии Пешвои миллат бо марҳум Амири собиқи Давлати Кувайт Аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, бешубҳа, дар пешбурди муваффақонаи робитаҳои судманди ду давлат нақши калидӣ бозид.

Робитаҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб зодаи як лаҳза ва ё падидаи чанд даҳсола нест, балки он аз асолати таърихие маншаъ мегирад, ки давоми қарнҳо ташаккул ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари арзишманди худ “Тоҷикон дар оинаи таърих ” ба ин нукта ишораи возеҳе намудаанд: “Минтақаи Осиёи Марказиро, ки арабҳо Мовароуннаҳр номида буданд, пайвандҳои таърихии ҳазору сесадсола бо ҷаҳони араб мепайванданд. Баъди зуҳури ислом ва таъсиси хилофати исломӣ дар аҳди халифаҳои рошидин ва халифаҳои уммавӣ таҳти парчами ислом садҳо қавму миллатҳои гуногун дар Осиё, Африқо ва ҳатто Аврупо гирд омада, як тамаддуни бузургу беназир ва густурдаеро ба ҷомеаи башарӣ пешкаш намуданд, ки бо номи тамаддуни исломӣ шуҳрати оламгир пайдо кард. Пешвоёни дини ислом аз миёни миллатҳои дигар дар баробари арабҳо паҳлуҳои зиндагисози ин тамаддунро вусъату тавсеа бахшиданд, ки дар миёни онҳо намояндагони ниёгони тоҷикон кам набуданд”.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 1993 ҳангоми мушаххас намудани асосҳои консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Роҳбари давлат кишварҳои мусулмоннишини Шарқро ба ҳайси яке аз ҳавзаҳои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд номбар карда буданд.

Ин самти авлавиятноки сиёсати берунаи мамлакат, ки дар боло гуфта шуд, дар таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ ва мушаххас чунин дарҷ гардид: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба  густариши ҳамкории мутақобили судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ густариш хоҳад дод”.

Тавре ки ишора рафт, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт агарчи соли 1995 барқарор шуда буданд, аммо қабл аз ин тамосҳои сиёсии заминагузоре дар сатҳҳои расмӣ байни ду давлат ба амал омада буданд. Аз ҷумла, бо гузашти муддате аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 Ҳукумати Кувайт ба нишони эътирофи сиёсӣ ва ҷонибдории давлати тозаистиқлоли тоҷикон як ҳайати расмии баландпояро ба Душанбе ирсол намуд.

Инчунин нахустин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шодравон Амири Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ дар шаҳри Дор-ул-байзои Мағриб соли 1994, дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ гардиши калидиеро дар масири муносибатҳои ду давлат ба миён овард. Ин мулоқот, бешубҳа, барои муайян сохтани дурнамои ҳамкорӣ таъсиргузор буд, зеро маҳз дар заминаи он робита байни роҳбарони олии ду давлат эҷод шуд.

Аз ин ҷост, ки бо гузашти чанд моҳ аз ин мулоқоти таърихӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт расман эълон шуданд ва пас аз чанд рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ 17-19 апрели соли 1995 ба Давлати Кувайт нахустин сафари расмӣ анҷом доданд.

Кувайт аввалин кишвари арабие мебошад, ки ба он роҳбари давлати навбунёди Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд. Пешвои миллат дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзноманигорони кувайтӣ дар арафаи сафари давлатии навбатӣ ба Кувайт бардоштҳо ва назари худро дар бораи аҳаммияти нахустин сафари худ ба ин кишвари арабӣ чунин таъкид карда буданд: “Кувайт барои Тоҷикистон як кишвари намунавие буд, ки мо бояд дар раванди рушду пешрафт аз таҷрибаи он истифода барем. Ман ҳамчун Президенти Тоҷикистон Кувайтро нахустин кишвари арабӣ барои сафарҳои расмии худ интихоб намудам, ки ин худ таваҷҷуҳи моро ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳавасмандии ин ҷонибро барои омӯзиши таҷрибаи Кувайт ҳамчун кишвари пешрафта инъикос менамояд”.

Дар доираи ин сафари таърихӣ заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт гузошта шуд, ки бар асоси он давоми 30 соли сипаришуда робитаҳои ҳамкорӣ мунтазам рушду нумӯъ меёбанд.

Дар ин замина мехоҳам, ки  нақши муносибатҳои дӯстию бародарӣ байни роҳбарияти олии ду давлатро, ки омили асосии тақвияти равобити ду кишвар мебошанд, махсус таъкид намоям. Пӯшида нест, ки муайян намудани авлавият ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ аз ваколатҳои аслии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба шумор рафта, робитаҳо ва тамосҳои сарони давлатҳо бо назардошти манфиатҳои миллию стратегии кишварҳо омили калидии рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мегардад.

Боиси хурсандист, ки робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт аз чунин омили калидӣ — пайвандҳои дӯстию бародарӣ байни пешвоён бархурдор буда, дар партави он рушд меёбанд.

Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бо даъвати Амири собиқи ин кишвар шодравон Аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Амири феълӣ Шайх Мишъал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд, ки натиҷаҳои созандаи онҳо дар тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқӣ ва муаррифии самтҳои умедбахши ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра таҷассум меёбанд.

Дар ин росто бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ба Давлати Кувайт сафари корӣ анҷом доданд ва дар доираи ин сафар мулоқоти судманди Пешвои миллат бо Амири Кувайт доир шуд. Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ҳамоиши ҳамгироии кишварҳои Осиё буда, Давлати Кувайт дар пешбурди фаъолияти он аз замони таъсис нақши муассир мебозад.

Инчунин сафарҳои давлатӣ ва расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт 23-25 июни соли 2013, 14-16 майи соли 2016, 3-5 ноябри 2024 ва мулоқоту музокироти расмии Сарвари давлат бо Амири Кувайт ва дигар масъулини воломақом ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони ҷиддӣ бахшиданд ва зимни ин сафарҳо пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ба таври назаррас такмил ёфт. Имрӯз ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайтро дар соҳаҳои гуногун зиёда аз 32 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд. Таҳким ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои меҳварие буд, ки зимни мулоқотҳои Сарвари давлат бо роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва дигар масъулини ин кишвар матраҳ мегардид.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ ҳамчун Сарвари тоҷикони ҷаҳон ҳамеша талош меварзанд, ки фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ ва пурғановати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Маҳз ба ин манзур дар доираи сафари расмии соли 2016 Пешвои миллат дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, дар ин боргоҳи илму маърифат дар бораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва хизматҳои шоёни абармардону нобиғагони тоҷик дар рушди тамаддуни инсонӣ суханронӣ намуданд.

Зимни ин мулоқот рӯнамоии нашри арабии китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нашри арабии ин китоби арзишманд таъкид намуда буданд, ки нашри нави он ба забони арабӣ дар Кувайт нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.


Дар радифи сухан дар бораи табодули сафарҳо ва мулоқотҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд метавон аз сафарҳои расмии собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров моҳи декабри соли 2015 ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2019 ба Давлати Кувайт ёдовар шуд, ки дар навбати худ дар таҳкими муносибатҳои дӯстию бародарии ду давлат саҳми арзанда гузоштанд.

— Албатта, дар тарҳрезӣ ва иҷрои барномаҳо ва ҳадафҳои дар пешгузошта барои таҳкими равобити дуҷониба вазоратҳои корҳои хориҷӣ нақши муҳим доранд. Шумо равобити ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлатро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? 

— Аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати татбиқи дастуру роҳнамоиҳои роҳбарияти олӣ барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак пайгирона талош меварзанд. Дар натиҷаи тамосҳои муштараки ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт ба маҷрои рушди бемайлон ва бардавом ворид шудаанд.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ мақомҳои калидие мебошанд, ки тавассути онҳо ҳамоҳангиҳои зарурӣ барои татбиқи ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва ниҳодҳои гуногуни ду давлат ва инчунин ҳамоҳангсозиҳо барои мавқеъгириҳои муштарак дар мавриди қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ доир мешаванд.


Барои пешбурди муваффақонаи робитаҳои ҳамкорӣ дар партави раҳнамоии сарони ду давлат тамосҳои пайвастаи вазирони корҳои хориҷӣ нақши муассир мебозанд. Ба ин манзур, моҳи ноябри соли 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт баргузор шуд, ки зимни он мулоқоту музокироти судманди ӯ бо роҳбарият ва масъулини баландпояи ин кишвар баргузор шуд. Ҳамзамон вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии ду давлат дар ҳошияи чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ мунтазам доир мегарданд.

Шоёни ёдоварӣ аст, ки (собиқ) Сарвазири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ моҳи марти соли 2013 ҳангоми дар маснади муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ қарор доштан барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварда, дар ҳошияи он бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Механизми муҳимми пайгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ машваратҳои сиёсии дуҷониба мебошад, ки то имрӯз се ҷаласаи он дар пойтахтҳои ду кишвари дӯст баргузор шудааст. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2018 Кувайт мизбони даври охири машваратҳо буд ва дар назар аст, ки даври навбатӣ давоми соли 2025 дар Душанбе гузаронида шавад.

— Нақш ва саҳми Сафорати Тоҷикистон дар Кувайтро ҳамчун  муаррифи симои дурахшони Ватан шарҳ медодед.

— Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2013 ифтитоҳ ёфта, ба фаъолият шуруъ намуд. Моҳи июни соли 2013 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорат мавриди истифода қарор гирифт.


Имрӯз Сафорат дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои таҳкими робитаҳои мутақобили судманд дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак фаъолияти пайгиронаро идома медиҳад. Боиси хурсандӣ аст, ки пас аз ифтитоҳи Сафорат муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, ҷонибҳо дар ин раванд ба натиҷаҳои назаррас расиданд.

Дар баробари пешбурди масоили ҳамкории дуҷониба имрӯз Сафорат ба маркази муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, имконияти сайёҳию сармоягузорӣ ва дастовардҳои навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гаштааст. Намояндагӣ ҳамкории судмандро бо Вазорати иттилоот ва Шурои миллии Кувайт оид ба фарҳангу ҳунар ба роҳ мондааст. Дар доираи чунин ҳамкорӣ дар давраи сипаришуда Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт, маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои рассомон ва ҳунармандони тоҷик дар ин кишвари арабӣ баргузор гардиданд.

Дар натиҷаи тамосҳо ва ҳамоҳангиҳои муштарак моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе нахустин бор Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Тоҷикистон гузаронида шуда, аҳли фарҳангу ҳунари Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию ҳунариро манзури тамошобинони тоҷик намуданд. Он барномаи консертии муштарак, намоиши филмҳои мустанад, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеърро дар бар гирифт.

Мутақобилан, дар пасманзари сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт (11-15 ноябри 2024) Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт баргузор гардиданд. Дар ин чорабинӣ ҳунармандони тоҷик бо намоиши санъати мусиқӣ, рақс ва ҳунарҳои мардумӣ фарҳанги ғании тоҷиконро муаррифӣ намуданд, ки таваҷҷуҳи зиёди тамошобинони кувайтиро ба худ ҷалб намуд.


Солҳои охир табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак байни ду давлат афзоиш ёфтааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд иштирок намуда, фарҳанги тоҷикро ба мардуми кувайтӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд.

— Дурнамои робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ду давлатро чӣ тавр арзёбӣ менамоед?

— Бояд эътироф кард, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Кувайт ҳанӯз ба сатҳи робитаҳои матини сиёсӣ нарасидаанд ва ҷавобгӯи хостаҳои роҳбарияти олӣ ва мардумони дӯсту бародари ду кишвар нестанд. Ду давлат дорои имконияти фарохи ҳамкории судовар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ҳастанд ва имрӯз доираҳои дахлдори ду кишвар ҷиҳати пешбурди робитаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда талош меварзанд.

Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ механизми муҳимми пешбурди ҳамкории соҳавӣ буда, ҷаласаи якуми он моҳи марти соли 2013 дар Душанбе, ҷаласаи дуюми он моҳи декабри соли 2017 дар Кувайт, ҷаласаи сеюм сентябри соли 2022 дар Душанбе ва ҷаласаи чоруми Комиссияи муштарак моҳи феврали соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт гузаронида шуд. Дар маҷмуъ то кунун чаҳор ҷаласа мувафаққона доир гардид.

Зимни ҷаласаҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Яке аз дастовардҳои дигар дар самти ҳамкории иқтисодӣ- ин кушодашавии нахустин хатсайри парвозҳои мустақим байни Кувайту Душанбе маҳсуб мешавад, ки аз моҳи декабри соли 2022 инҷониб мунтазам амалӣ мегардад. Ин хатсайр дар самтҳои рушди сайёҳӣ, табодули тиҷорат ва рафту омади соҳибкорону намояндагони бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ умедбахш арзёбӣ мегардад.

Давлати Кувайт дар самти татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ва татбиқи лоиҳаҳои рушд яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон ба шумор меравад. Ин кишвари хурди арабӣ, воқеъ дар ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун маркази корҳои башардӯстӣ эътироф шудааст. Солҳои ахир Тоҷикистон бо Кувайт дар самти фаъолияти башардӯстона ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои рушд ҳамкории судманд дорад.

Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб дар баробари дигар фондҳои рушд ва ташкилоти молиявии арабӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушд ва тавсеаи инфрасохтори Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. 

— Дурнамои ҳамкориро чӣ гуна ояндабинӣ менамоед? 

— Имрӯз бо гузашти зиёда аз чаҳоряк аср аз истиқрор ва ташаккули муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Кувайт бо назардошти руҳияи дӯстию бародарӣ ва ҳусни эътимод байни роҳбарияти олӣ ва мардумони онҳо ва дар заминаи мавқеъгириҳои ҳамсон ва муштараки ду ҷониб дар мавриди аксари қазияҳои минтақавию байналмилалӣ метавон гуфт, ки робитаҳои сиёсии ду давлат ба сатҳи олии худ расидаанд.

Ҷонибҳоро зарур аст, ки дар партави руҳияи бародарӣ ва ҳусни боварии ташаккулёфта барои амалисозии хостаҳо ва ормонҳои раҳбарони олӣ ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мутақобили судманд дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ иқдом намоянд, зеро тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи Осиё ва инчунин дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии ду давлат шинохта шудааст. 

— Мо ки дар рӯзҳои таҷлили ин санаи таърихӣ қарор дорем, бигӯед, ки Сафорат барои гиромидошти 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ оё нақша ё барномаи хоссе таҳия намудааст? 

— Албатта, барои дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ин санаи таърихӣ ва муҳим, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад, Сафорат иқдоми махсус амалӣ менамояд.

Сараввал байни Роҳбарияти олии ду давлат ва вазирони корҳои хориҷӣ паёмҳои шодбошӣ табодул карда мешаванд. Ҳамзамон Сафорат китоби 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайтро ба забонҳои тоҷикию арабӣ таҳия ва чоп намудааст, ки он фарогири рӯйдодҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба мебошад. Дар назар аст, ки маросими тантанавии муаррифии ин китобҳо ҳам дар Кувайт ва ҳам дар Душанбе танзим гардад.

Илова бар ин мо тасмим гирифтаем, ки филми ҳуҷҷатии фарогири муҳимтарин рӯйдодҳо ва дастовардҳои муносибатҳои дуҷониба давоми 30 солро дар шабакаҳои телевизонии Тоҷикистону Кувайт ба намоиш гузорем.

Ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ шоми 31 марти соли 2025 Бурҷҳои Кувайт бо парчами миллии Тоҷикистон оро дода мешаванд.

Инчунин мо нақша дорем, ки дар Кувайт Шоми пазироии расмиро бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ду давлат ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат баргузор намуда, дар ҳошияи он намоиши аксҳои таҷассумгари таърих ва муҳимтарин рӯйдодҳои муносибатҳои дуҷонибаро танзим намоем.

Март 31, 2025 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ал-Кувайт бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Ҳоким Холиқзода дар Москва дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори ИДМ 2025 иштирок намуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи хариди давлатии Созмони умумиҷаҳонии савдо иштирок намуд
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин ва Рашид Мередов таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифро матраҳ намуданд
Ба сатҳи кунунии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд дода шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон
Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазир ва вазири тандурустии Миср мулоқот намуд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд