35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад

Март 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кӯли Ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар назар аст, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3000 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин дар маҳаллаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти Гули сурх сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз гардид. Муассиса барои таҳсили 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид