Ба поси хотири оҳангсоз Шарофиддин Сайфиддинов консерти мусиқии камеравӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 95-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов консерти мусиқии камеравӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ аз Консерваторияи миллӣ хабар доданд.
Барномаи консертӣ бо ташаббуси кафедраи фортепиано ва бо иштироки ҳунармандону оҳангсозон, омӯзгорон ва донишҷӯёни консерватория баргузор шуда, аҳли фарҳанг ва пайвандону шогирдон аз фаъолият ва оҳангҳои эҷоднамудаи Шарофиддин Сайфиддинов сурудҳо замзама намуданд.
Иброз гардид, ки операҳои устод Шарофиддин Сайфиддинов якчанд хорҳо, дуэтҳо, ансамблҳо ва арияҳо доранд, ки кайҳо боз дар дили шунаванда нақш гузоштаанд. Хори «Ба Бухоро» аз операи «Рӯдакӣ» чунон мусиқии нишонрас дорад, ки мардумро ба бедорӣ ва ғурури миллӣ даъват менамояд. Кас аз шунидани хори «Сарбозон» аз операи «Пӯлод ва Гулрӯ», арияи Айнӣ аз намоиши якуми операи «Айнӣ» ва чандин пораҳои мусиқии ин операҳо ба ваҷд меояд. Номбурда аввалин оҳангсози тоҷик аст, ки опера офарид. Ҳар се операаш: «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957), «Рӯдакӣ (1976) ва «Айнӣ» (1978) дар Театри академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ таҳия шудаанд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ Шарофиддин Сайфиддинов омӯзишгоҳҳои мусиқии Хуҷанду Душанбе, соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии Москва (синфи композитсия), дертар факултаи назарияи оҳангсозӣ ва соли 1962 Консерваторияи Тошканд (синфи композитсия)-ро хатм намудааст. Фаъолияти худро дар санъати мусиқӣ ҳамчун скрипканавоз оғоз намуда, ҳанӯз дар давраи донишҷӯяш асари калонҳаҷми вокалӣ-симфонӣ- кантатаи «Шукуфон бош, Тоҷикистон»-ро иншо намуда буд. Солҳои 1962-1986 раисии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Мавсуф соли 2015 дар 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






