Бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 марти соли 2025 бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ҷумла аз Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия доир мегардад.
Ҳамчунин дар он паҳлавонони тоҷик, ба монанди Шарифҷон Назриев, Ҳақназар Назаров, Ҳамроз Раҷабов, Фирдавс Насимов, Шакармаҳмад Мирмамадов, Улуғбек Раҳимов, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Суҳроб Боқиев, Субҳиддин Халилзода, Исроил Раҳимов, Додохон Қурбоналев, Ғаниҷон Ғаниев, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок ва бо ҳарифонашон рақобат менамоянд.
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он паҳлавонон дар вазнҳои 61кг, 71кг, 86 ва +86 кг байни мардон иштирок менамоянд. Ҳамчунин духтарони вазнашон то 57кг низ ба рақобатҳои инфиродӣ даъват мегарданд.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ аз ҷониби ташкилкунандагон бо медалу Диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар сатҳи баланд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор карда мешавад.
Ҳамчунин бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бозиҳои миллии халқи тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, балки дар идҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо иштироки паҳлавонони хориҷӣ баргузор карда мешаванд. Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Мардуми тоҷик дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон доир менамуданд.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ниёгон ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Ягона варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд.
Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рўи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Паҳлавонон дар байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд.
Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳод.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»








«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид






