Бонки миллии Тоҷикистон сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш баровард
ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қиматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш баровард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории «Metallor Technologies SA»-и Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии «London Good Delivery» бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда шудаанд.
Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қиматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир гардидааст.
Сабикаҳои ченакии тиллоӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар хазинаҳои Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм, инчунин аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд.
Сабикаҳои ченакии тиллоӣ воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд буда, имкон медиҳанд, ки доранда онҳоро ҳамчун пасандоз нигоҳ дорад ё тавассути хариду фурӯши минбаъда даромад ба даст орад. Пардохтпазирии баланд, воситаи дарозмуддати сармоягузорӣ, ҳифз аз таваррум ва буҳронҳои иқтисодӣ,
бозхарид бо пардохти маблағ ба муштарӣ дар ҳамон рӯз (бо шарти ҳифз ва вайрон накардани борҷомаи муҳофизатӣ аз ҷумлаи афзалияти сабикаҳои ченакии тилло арзёбӣ мегарданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд






