Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро тамошо намуд

Март 27, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сайри осорхонавӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон намоиши анъанавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро тамошо намуд. Инчунин ба ӯ дар толорҳои «Асри санг», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» таърихи куҳани халқи тоҷик ва фарҳанги бисёрҳазорсола муаррифӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 27, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд