Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-адабии «Хирад» баргузор шуд, ки дар он китоби мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов таҳти унвони «Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик» рӯнамоӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, китоб аз маҷмуи мақолаҳо иборат мебошад. Қисмати аввали китоб мақолаҳои солҳои охир навиштаи муаллифро дар бар гирифта, роҷеъ ба таҳаввули журналистикаи тоҷик дар замони муосир, фаъолияти расонаҳо дар пасманзари сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши воситаҳои ахбори омма дар муборизаҳои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ сухан меравад.
Дар қисми дуюм муаллиф рӯйхати рисолаҳои илмии дар самти журналистика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳимояшударо ҷой додааст, ки теъдоди онҳо беш аз 100 адад мебошад. Ин бахш дар шароити имрӯза ба муаррифии мактабҳои илмии журналистика, мубрамию такрор нашудани мавзуъҳои илмии таҳқиқшаванда мусоидат менамояд.
Маҷмуа барои омӯзгорону муҳаққиқони соҳаи журналистика пешбинӣ шудааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






