Дар Ал-Кувайт бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт нишасти матбуотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 март бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Сафир роҷеъ ба аҳаммияти ин санаи таърихӣ (31 марти 1995), аз ҷумла дастовардҳои муҳимми равобит суханронӣ намуда, таъкид кард, ки тӯли се даҳсолаи сипаришуда муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак устуворона рушд ёфтаанд.
Иброз гардид, ки омили асосии рушду таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо Давлати Кувайт, пеш аз ҳама, сиёсати хориҷии мутавозин, шаффоф ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста шуд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон нақши муассир ва саҳми Давлати Кувайтро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон, инчунин ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии кишвар баланд арзёбӣ мекунад.
Дар рафти нишаст масъалаҳои дурнамои таҳкими робитаҳои дипломатӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ манфиатдор мебошанд.
Гуфта шуд, ки солҳои охир ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд. Аз ҷумла соли 2024 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт доир гардида, дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва музокироти сатҳи олӣ тавофуқоти нав ҳосил шуд. Дар пасманзари сафари расмии Роҳбари давлат, 11-15 ноябри 2024 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва 3-5 феврали 2025 ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар Ал-Кувайт баргузор гардид.
Бо хушнудӣ изҳор шуд, ки имрӯзҳо пойтахтҳои ду кишварро парвозҳои мустақим ба ҳам мепайвандад. Парвозҳои дар як ҳафта се маротиба амалӣ гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорати дуҷониба саҳм мегузорад.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ сафир ба суолҳои рӯзноманигорон вобаста ба нақша ва барномаҳои ояндаи ҳамкории дуҷониба посух дод.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт









Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд






