Дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ оғоз ёфт

Март 27, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба шореҳи АМИТ «Ховар» аз макони мусобиқа котиби генералии Федератсияи гӯштини миллӣ-гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев хабар дод.

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон аз давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов, Шарифҷон Назриев, Фирдавс Насимов, Фарҳод Раҳаматуллобеков, Ҳақназар Назаров, Улуғбек Раҳимов, Исроил Раҳимов, Ҳамроз Раҷабов, Суҳроб Боқиев, Субҳиддин Халилзода, Баҳром Суфиев, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Муҳаммадҳусайн Раҷабов, Меҳрзод Суфиев, Идибеки Амиршо, Сомон Аламов ва дигарон бо ҳарифонашон рақобат менамоянд.

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он паҳлавонон дар вазнҳои 61кг, 71кг, 86 ва +86 кг байни мардон иштирок менамоянд. Ҳамчунин духтарони вазнашон то 57кг низ ба рақобатҳои инфиродӣ даъват мегарданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ аз ҷониби ташкилкунандагон бо медалу Диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ, инчунин бо Шоҳҷоиза-электромобил, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст, қадрдонӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар сатҳи баланд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорон баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бозиҳои миллии халқи тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, балки дар идҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ низ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо иштироки паҳлавонони хориҷӣ баргузор карда мешаванд. Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Мардуми тоҷик дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон доир менамуданд.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ниёгон ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд.

Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рӯйи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Паҳлавонон дар байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд.

Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 27, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад