Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо маҳфили идона доир шуд

Март 22, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО якҷоя бо намояндагиҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз он ҷумла Эрон, Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон, маҳфили идона ба муносибати ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзро баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Фаронса Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО хабар медиҳад, дар ҷашни хуҷастаи баҳорӣ роҳбарияти ЮНЕСКО, меҳмонон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Аврупо иштирок намуданд.

Дар чорчӯбаи ҷашн гӯшаи идонаи Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазиз ва хони ҳафтсину табақи ҳафтмева оро ёфта, маснуоти ҳунарҳои дастии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ватанӣ ва намоиши либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакану гулдӯзӣ ва атласу адрас баргузор шуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО

Март 22, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд