Дар Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз пуршукуҳ таҷлил гардид

Март 21, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи шаҳомат таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Дар даромадгоҳи боғ намоишгоҳи маҳсули меҳнати корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин таомҳои хоси наврӯзӣ ташкил гардид. Инчунин аз ҷониби ҳунармардон оинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки «ҷашни Наврӯз давоми асрҳо дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдорию зироаткорӣ ва боғдориву ободкорӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 21, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад