Дар Душанбе дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молия дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (WBG), Созмони Милали Муттаҳид-Занон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи ташаббуси ҷаҳонии «Ring The Bell for Gender Equality» — пешбурди баробарии гендерӣ дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҳадафи ин ташаббус ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди баробарии гендерӣ дар заминаи сиёсатҳои рушди устувор ва принсипҳои ESG мебошад.
Дар ҷамъомад муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвамӣ ва Роҳбари Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли ва дигарон сухан намуданд. Иброз гардид, ки мо аз талошҳои худ дар самти пешбурди баробарии гендерӣ ифтихор дорем ва минбаъд низ барои бунёди ҷомеаи фарогир талош менамоем. Итминон дорем, ки иштироки занон дар иқтисодиёт на танҳо устувории низоми молиявиро афзун мекунад, балки дар рушди соҳибкорӣ низ саҳми назаррас мегузорад. Мо якҷоя метавонем кафолат диҳем, ки занон бояд ҳаракатро барои ояндаи устувор ва одилона пешбарӣ намоянд. Амалҳои дастҷамъонаи мо ба фароҳам овардани имконияти баробар барои занон ва духтарон дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Таҳқиқот пайваста нишон медиҳанд, ки рафъи монеаҳои гендерӣ ба рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд, камбизоатиро коҳиш медиҳад, ҳамбастагии ҷомеаро таҳким мебахшад ва некуаҳволии наслҳои ҳозира ва ояндаро беҳтар менамояд.
Дар ҷамъомад иштирокчиён барномаҳои мавҷудаи дастгирии занони соҳибкор, нақши сиёсати давлатӣ дар ноил шудан ба баробарии гендерӣ, таҳияи воситаҳои инноватсионии тавсеаи имконияти иқтисодии занон ва ғайраро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






