Дар Душанбе дар мавзуи «Чакан-мероси беназири тоҷикон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд

Март 18, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Чакан-мероси беназири тоҷикон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар ҳамоиш намунаи офаридаҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти тарроҳии муосири чакан ва атласу адрас, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фарох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин замина рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти муҳим дорад.

«Ҳар гуле, ки дар чакан бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он нишони ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ҳадафҳои инсонгароӣ ва миллӣ мебошад. Инчунин он аз фарҳанги ғании халқи тоҷик дарак дода, таҷассуми шукуфоии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст»,-иброз шуд дар ҳамоиш.

Чакан ҳамчун либоси миллии тоҷикон таърихи хеле қадимӣ дошта, ҳар рамзи он роҳи тайкардаи миллат дар шебу фарози таърихро ифода менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки яке аз қадимтарин матое, ки дар он нақшҳои чакан таҷассум ёфтааст, ҳангоми корҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди ноҳияи Фархор ёфт гардид. Ҳоло он дар Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз ва муаррифӣ карда мешавад. Ҳар нақши ин бозёфт далели он аст, ки халқи тоҷик аз қадим зебоипарасту фарҳангсолор будааст.

Дар ҳамоиш занону духтарон даъват шуданд, ки  либосии миллии тоҷикиро бештар таблиғ намуда, дар ҳифз ва нигаҳдошти он саҳм гузоранд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Март 18, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад