Дар Душанбе вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ брифинг доир шуд

Март 20, 2025 17:14

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда, муайян гардид, ки дар ҷумҳурӣ сол аз сол шумораи аҳолӣ ва истифодабарандагони интернет зиёд гардида, зиёда за 95 фоизи аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода менамояд. Мебоист операторони мобилӣ сари вақт ҳудуди фарогирӣ ва майдонҳои насби истгоҳҳои базавӣ ва иқтидори техникии худро зиёд мекарданд, ки ин ба таври қонеъкунанда анҷом дода нашуд. Ин ҳолат сабаби паст гардидани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ гардид. Дар робита ба ин, хадамот нақшаи мушаххасро бо операторони мобилӣ таҳия карда, марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи иловагӣ ва беҳтар намудани инфрасохторӣ зарурӣ масъалаи сатҳу сифати хизматрасонии интернетро дар ҷумҳурӣ ҳал менамояд. Ин матлабро Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло вобаста ба рушд ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ имрӯз зимни брифинги матбуотӣ  дар Душанбе изҳор дошт.

Исфандиёри Саъдулло гуфт, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд. Тақвияти фаъолияти Хадамоти алоқа низ идомаи ислоҳот барои рушд ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ мебошад. Маҷмуан, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва 15 ширкати хизматрасонии алоқаи ноқилӣ таъмин мешавад.  Хадамоти алоқа аз аввали сол барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба Интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии якчанд мамлакати хориҷӣ ҳамкориро тақвият додааст. Дар натиҷаи густариши ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳои судманд бо ин операторон арзиши воридотии интернет ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас кам карда шуд.

Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Дар натиҷа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад.

Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55 фоиз коҳиш дода шуда, тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор мегарданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан суръати интернети ноқилӣ аз 0,5 Мбит/с шуруъ мешуд. Ин раванд то охири соли равон ба 30 Мбит/с ба нақша гирифта шуда, то се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида мешавад.

Пайвастшавии бефосила ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодаи Wi-Fi дар мақомоти хизматрасон ва маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурӯшгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурудгоҳҳо ва монанди инҳо амалӣ карда мешавад.

Идомаи татбиқи ҳадафу нақшаҳои ишорашуда ва мавҷуда муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва технологии шабакаҳои алоқаи мобилию ноқилиро талаб менамояд ва дар ин самт аз ҷониби Хадамоти алоқа лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ тарҳрезӣ шуда истодаанд.

Ба қатори чунин лоиҳаҳо — лоиҳаи таҷдиди шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат ҳамчун асоси беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии интернет дохил мебошад.

Вобаста ба ин, дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои  4G ва 5G аз рӯйи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети ноқилӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина аз ҷониби Хадамоти алоқа шароити мусоиди рушди соҳа фароҳам гардида, такмилу таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд бештар ба операторони алоқаи мобилӣ алоқамандӣ дорад.

Инчунин дар брифинг гуфта шуд, ки бо мақсади тақвияти рушди бомаром ва устувори соҳа аз ҷониби мутахассисон ва масъулини хадамот лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти молиявию қарзии ҷумҳурӣ ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон амалӣ мегардад. Илова бар ин, дар сурати сифр будани маблағи тавозун ва ба охир расидани ҳаҷми интернет иҷрои амалиёти электронӣ ва ғайринақдӣ имконпазир мешавад.

Тадбирҳои андешида ва пешбинишаванда имконият медиҳанд, ки дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия татбиқи шабакаҳои насли 5G ва фаъолияти муназзами воситаҳои электронии пардохтҳо таъмин гардида, дар ин самт масирҳои мушаххаси пешбурд ва таҳкими ваколати соҳавии Хадамоти алоқа муқаррар карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст