Дар фурудгоҳҳои шаҳри Москва бо шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметевои шаҳри Москва бо шаҳрвандони мамлакат ва роҳбарияти фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти сарҳадӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар вохӯрӣ бо масъулини фурудгоҳҳо масъалаи пайгирии вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Федератсияи Русия, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва сари вақт баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ гардид.
Бояд гуфт, ки ин иқдом бо ташаббуси Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар Русия дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия амалӣ карда шуд.
Зимни суҳбат сафир вобаста ба тағйироти қонунгузории Федератсияи Русия ва риоя намудани талаботи он, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии давлати иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи мамлакат сухан намуд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ инчунин масъалаи бо маводи ғизоӣ таъмин намудани шаҳрвандонро бо масъулини фурудгоҳҳо баррасӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






