Дар Майдони «Истиқлол» барномаи фарҳангии фараҳафзо баргузор гардид

Март 21, 2025 23:51

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе консерти идонаи наврӯзӣ баргузор шуд. Тантанаҳои наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва хеле фараҳбахш баргузор гардида, аз дидани он хотири тамошобинон хурсанду болида гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, баргузории  барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватану шукуфоии  мамлакат ва  арҷ  гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон  таҷлил мегардад.

Иброз гардид, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастанию ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардумамон мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон на фақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош менамоем.

Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоси худ таҷлил менамоянд.

Таъкид шуд,  ки мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат шавад. Хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло дар мамлакати биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо намудааст.

Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангӣ бо шаҳомати хосса доир шуда, ба иштирокчиёни ин ҷашн шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари Тоҷикистони азиз мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2025 23:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд