Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд

Март 4, 2025 11:08

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки ҳунармандону дӯстдорони ҳунари чакандӯзиро аз ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот ҷамъ овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ин мақомот.

Ҳунармандон ва дӯстдорони санъати чакандӯзӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаю дӯконҳои дӯзандагӣ маҳсули дастонашро ба намоиш гузоштанд. Доварон беҳтарин ҳунармандонро интихоб ва маҳсули заҳмати онҳоро қадрдонӣ намуданд.

Баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, эҳёи расму ойин ва ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги ниёгон, фароҳам овардани имкони муаррифии ҳунари занону духтарон ва ба ин васила рушду муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ба ҷаҳониён маънидод гардид.

Дар фазои тантанавӣ ба беҳтарин ҳунармандон «Сипоснома» ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 4, 2025 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад