Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 274,3 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки соли 2024 4882 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 186 тонна ё 104 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи занбӯрпарварӣ, имсол аз моҳи январ бинобар хушк ва камбориш омадани ҳаво дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат занбӯрон тухм гузоштаанд. Аллакай насли он дар парвоз мебошад.
Бояд гуфт, ки оилаи занбӯри асал асосан аз охирҳои моҳи март барои ҷамъоварии асал парвоз мекунад. Зеро дар ин давра бештари дарахтону буттаҳо гул менамоянд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ шумораи оилаҳои занбӯри асал зиёд гардида, ҳамзамон истеҳсоли асали молӣ низ афзоиш ёфтааст. Соли 2024 содироти асали молӣ 3000 килограмм ва оилаҳои хурди занбӯри асал ба 500 оила расонида шуд.
Дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмуии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 100 оилаи хурди занбӯри асал ва 100 қуттӣ занбӯр ба занбӯриасалпарварони инфиродии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Инчунин аз ҳисоби захираю имконияти корхона 90 оилаи хурди занбӯри асал бо ҳама таҷҳизот ва хӯрокворӣ тайёр карда, ба 3 нафар занбӯрпарварон барои такрористеҳсолкунӣ ба тариқи шартномаи дуҷониба дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд






