ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 1350 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар мавзеи «Сариосёб»-и шаҳри Кӯлоб 1350 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1350 бех ниҳоли дарахтони шинонида 400 бехро ниҳоли дарахти шулаш, 350 бехро ниҳоли ақоқиё ва 600 бехро ниҳоли дарахтони сӯзанбарг ташкил медиҳанд.
Ниҳолҳои дарахтон бо тарзу усули хос ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
Ҳашарҳои ободонию сабзазоркунӣ дар минтақаи Кӯлоб пайваста доир шуда, ҳадафи асосии онҳо беҳбуд бахшидан ба муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри Кӯлоб мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






