Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни маҳорату маллакаи касбӣ дар Чин соҳиби медали нуқра шуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Конгресси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ (WCITE), ки давоми моҳи октябр-ноябри соли 2024 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуда, медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тибқи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар доираи амалисозии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан, ки дар он таҳсил доранд, бо роҳбарии устодони Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин соҳиби медали нуқра гардиданд.
Озмуни маҳорату малакаи касбӣ дар 32 минтақаи Чин бо баргузор намудани ҳамоишҳои намоишӣ бо иштироки ҳайати дастаҳои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои касбӣ-техникии 74 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Донишҷӯёни тоҷик ба ин озмун дар самти «Гузаронидани лӯлаҳои газ дар муҳити шаҳрӣ ва ошкор кардани ихроҷ — Urban Gas Pipeline Detection» лоиҳа пешниҳод намуда буданд.
Намояндагони Конгресси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ 23 марти соли равон зимни ҳамоиш ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон медалу ифтихорномаҳои фахриро тақдим намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






