Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» 19 март баргузор мешавад

Март 5, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Дар ин хусус 4 март қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Масъулияти баргузории форум ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Дар асоси қарор варақаҳо ва фиттаҳои тарғиботӣ доир ба имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе омода гардида, дар доираи форум паҳн карда мешаванд.

Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

АКС аз Dushanbe-travel

Март 5, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд