ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби Беларус бозӣ менамояд

Март 19, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 март, соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе вохӯрии дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Беларус баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин муносибат дар арафаи бозии байналмилалии дӯстона байни  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва менеҷерони дастаҳо доир шуд, ҷанбаҳои умумии ташкилии вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ранги либоси ҷонибҳо интихоб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва дастаи мунтахаби  Беларус бо либоси сабз ба майдон мебароянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 19, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд