ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантии худро пешниҳод намоянд

Март 1, 2025 11:31

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2025-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони  тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ  тиҷорати худро пеш баранд.

Имсол низ 120 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.

Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод  шавад.

Грантҳо ба маблағи 25 000, 30 000, 40 000, 45 000, 50 000 ва 60 000 сомонӣ барои 120 нафар занони соҳибкор ҷудо мегарданд.

Хоҳишмандон метавонанд  ба суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3  ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рӯзи охирини қабул баъд аз 45 рӯзи чопи эълон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2025 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд