ГУЛИ СИЯҲГӮШИ ҚОШГАРДОН. Дар Тоҷикистон мавсими гулгардонӣ фаро расид

Март 12, 2025 14:02

ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар талу теппа ва даштҳои Тоҷикистон аввалин гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла сияҳгӯш маъмул ҳамчун гули наврӯзӣ шукуфта аз фарорасии Иди Наврӯз дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар домани кӯҳу саҳро шукуфтани нахустин гули баҳорӣ – сияҳгӯш аввалин муждаи наздикшавии Иди Наврӯз аст. Дар ин айём бачаҳои 10 ‐ 15 сола ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои сияҳгӯш ва дигар гулҳои баҳорӣ чида, хона ба хона мегарданд ва маросими гулгардониро ба ҷо меоваранд.

Бачаҳо гулҳои сияҳгӯш ва дигар гулҳои баҳориро ба як чӯби дароз, ки тақрибан 1,5 м дарозӣ дорад мебанданд ва бо он ба хонаҳои мардум рафта, сурудхонон аз омадани баҳор мужда мерасонанд:

Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бидеҳ бар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!

Соҳибхонаҳо гули сияҳгӯшро ба даст гирифта, ба чашм молида, шукрона мекарданд, ки ба баҳори нав расиданд. Мардум аз рӯи таомули аҷдодӣ ба онҳо шодиёна, аз қабили ширинӣ, тухм, қурут ва хушкмева медиҳанд.

Маросими гулгардонӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва байни тоҷикони Осиёи Марказӣ аз кадим то имрӯз маҳбубияти хоса дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 12, 2025 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд