ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд

Март 3, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре Раиси Комиcсия Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазору 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштирокнамуда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд:

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 12 мандати вакилӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмуъ намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

Иброз гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

«Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятию сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад», — иброз дошт Бахтиёр Худоёрзода.

Март 3, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон