Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
17.03.2025, Русия
Ташаккур, муҳтарам Владимир Владимирович!
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия миннатдории самимӣ изҳор намоям.
Тавре аллакай муҳтарам Владимир Владимирович таъкид карданд, зимни музокирот мо масъалаҳои калидии муносибатҳои ҳар ду давлат, инчунин мушкилоти муҳими минтақавию байналмилалиро муфассал баррасӣ намудем.
Мо аз ҷараёни хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир, ки афзоиши тадриҷии гардиши мол мушоҳида мегардад, изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 15,6 фоиз афзуда, 2 миллиард долларро ташкил дод.
Мо барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ то соли 2030 ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила ба мувофиқа расидем.
Ҷониби мо аз фаъолияти ширкатҳо бо сармояи Русияро дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳудуди 400 ададро ташкил медиҳанд, истиқбол менамояд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки кори муштаракро дар соҳаи кооператсияи саноатӣ фаъол гардонем.
Ҷараёни мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ таъкид карда шуд.
Мо комплекси агросаноатиро ҳамчун самти дурнамодори ҳамкорӣ таъкид намудем.
Дар ин ҷода мо ба ҷониби Русия пешниҳод намудем, ки иқдомотро дар самти таъсис додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, бахусус корхонаҳои коркарди сабзавоту меваҷот, ашёи хоми пахта, пӯст ва пашмро фаъол гардонад.
Омодагии ҷониби Тоҷикистон барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид карда шуд.
Имрӯз мо ба мувофиқа расидем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати «Росатом» марҳилаи дуюми лоиҳаи безараргардонии партовгоҳҳои уранро дар шимоли Тоҷикистонро татбиқ намоем.
Мо гузаронидани экспедитсияҳоро аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат барои омӯзиши вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мешуморем.
Имрӯз дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим тамоюли нигаронкунандаи обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккулёбии то 60 фоиз захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошанд, мушоҳида мешавад.
Зимни музокирот мо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудем.
Дар музокирот мо бо муҳтарам Владимир Владимирович ба сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ баҳои баланд додем.
Тавассути видеоконфронс ба сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва Маркази байналмилалии омузишӣ барои кӯдакони болаёқат дар пойтахти Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор карда шавад.
Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем.
Кори байниидоравӣ дар ин соҳа фаъол гардонида мешавад.
Кӯшишҳо барои таъмини муҳтавои пурмазмуни ҳамкории байниминтақавӣ равона карда мешаванд.
Дар айни ҳол 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.
Зимни музокирот ба ҳамкории байнипарлумонӣ низ баҳои баланд дода шуд.
Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амниятро муфассал баррасӣ намудем.
Байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад.
Ҳамёрии ҷонибҳо дар ин самт доираи васеи масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятро фаро мегирад.
Ин, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Мо ба ҳамкорӣ дар заминаҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама, дар СММ, ИДМ, СҲШ ва СААД баҳои баланд додем.
Мо аз ҷониби Русия барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба об ва иқлим миннатдор ҳастем.
Мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокирот қаноатманд мебошем.
Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия кӯшиш хоҳад кард.
Дар хотима мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Владимир Владимирович Путин ва ба ҳамаи дӯстони рус барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор намоям.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






