Мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрат барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 марти соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистонро Президенти Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар ҷараёни сафар гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони воситаҳои ахбори умум изҳор доштанд, ки «мулоқоту музокироти имрӯза дар фазои созанда ва дар руҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардиданд. Мо ба таври муфассал маҷмуи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намудем. Ин, пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд. Дар гуфтушунидҳо мо афзалияти ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян намуда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид намудем».
Барои мо, халқи Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки баъзе нофаҳмиҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки як баҳси деринаи марзӣ буд ва давра ба давра ба даргириҳои мусаллаҳона табдил меёфт, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври куллӣ ҳалли худро ёфтанд. Сабаби аслии қазия сарҳадҳои аз замони шуравӣ мушаххас танзимнашуда, инчунин мавзуи манбаъҳои обу замин буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 дар ҳалли ин масъала талош менамуданд. Саҳми Пешвои миллатамонро дар ҳалли ин баҳс метавонем чун амали стратегияи дарозмуддат ва талошҳои муваффақонаи дипломатӣ баррасӣ намоем. Чунки Пешвои миллат ба таҳдидҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фишори равонӣ, нобудшавии манзил, талафоти молу-мулкии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онҳое, ки дар муносибати мавзеи сарҳадӣ бо Қирғизистон иқомат менамоянд, инчунин ба шиддати носолими байни миллатҳо хотима гузоштанд.
Ин амали таърихии Президенти Тоҷикистон бори дигар далели возеҳи ҷонибдории халқи ҷумҳурӣ аз қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 ва арзандаи ҳамагуна дастгириҳои Пешвои муаззам мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардиданд, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Сарвари давлат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши бузург бозида, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои тақдирсоз намуда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун давлати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи васеъ пайдо намудаанд ва асосан ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор нигаронида шудаанд. Ин ташаббусҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, барои ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми муҳим гузоштаанд:
- Соли байналмилалии оби тоза (2003). Соли 1999 зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шавад. Ин пешниҳод бо қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфт ва ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба масъалаи дастрасӣ ба оби тоза мусоидат намуд.
- Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015). Соли 2003 дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ оид ба об дар Киотои Ҷопон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклиф намуданд, ки солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи «Об барои ҳаёт» эълон гардад. Ин ташаббус аз ҷониби 140 давлат дастгирӣ ёфт ва ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он равона шуд.
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013). Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2013 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Ин иқдом ҳамкории байналмилалиро дар идоракунии захираҳои об тақвият бахшид.
- Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018-2028). Ин ташаббус бори аввал соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шуд ва соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид онро бо қатъномаи махсус қабул кард. Даҳсола ба ҳалли мушкилоти об дар доираи ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст.
- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март). Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ном гирифт. Ин иқдом ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби тоза дар шароити тағйирёбии иқлим равона аст. Дар доираи ин ташаббус, соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.
Ин ташаббусҳо на танҳо эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ боло бурдаанд, балки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим муаррифӣ намудаанд. Пешвои миллат бо ин иқдом нишон доданд, ки Тоҷикистон омода аст дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба захираҳои табиӣ саҳми фаъол гузорад.
Бо саъюу талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо бо аксарияти мамлакати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 180 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудаанд. Тоҷикистон дар аксар созмонҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли масоили мубрам ба миён мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар давлатҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақши шоистаю арзанда мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.
Пешвои миллат моҳи марти соли 2013 зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки «роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ давоми бист соли охир борҳо намоиш додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем».
Дар Паёми соли 2019 Президенти Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳуриро масъалаи барқарор гардидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки «соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо ҷумҳурии ҳамҷавор ва дӯсти мо – Узбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух дод ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки давоми зиёда аз бист соли охир байни ду мамлакат ба миён омада буданд, пурра ҳал карда, ҳамкориямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».
Сарвари давлат 6 августи соли 2021 дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ афзуданд, ки «мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем». Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии якчанд тадбири судмандро пешниҳод намуда, зарурати боз ҳам вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тақвияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бахусус дар самти таъмини некуаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳамкории зичи сохторҳои амниятии мамлакатҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои амният таъкид намуданд. Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундравӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Сарвари давлат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуда, таваҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва рушди созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ нақши мусбат доранд. Аз ҷумла, масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти сарони давлатҳо (5 июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд. Дертар дар Шурои сарони давлатҳои аъзо 15 июни соли 2001 Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд. Аз замони узвият дар ин созмон Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасе ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, раёсати Созмонро дар солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 – 2010 ва 2018 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд. Соли 2021 ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
6 августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда, бо мукофоти нави олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ибтикороти муштараки давлатҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Имрӯз мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён пешниҳод мегарданд. Махсусан силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар миқёси ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ боиси ба гунаи хосса муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намунавии сиёсии сатҳи байналмилалӣ бо чандин мукофотҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, бо Ҷоизаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми бузург дар таҳким ва рушди Иттиҳод, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Медали тиллои Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият «Ба ифтихори таҳкими сулҳ ва ризоияти байни мардумон» ва бо орден, медал, нишонҳои зиёди давлатҳои алоҳидаю созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.
Бо таҳлили ин воқеият бо далел гуфта метавонем, ки мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон намунаи ибрат гардидааст.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон