Манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо ба хонандагони шведӣ манфиат меорад
ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳқиқоти «Ин намоён нест», ки дар байни 3500 хонандаи 37 мактаби Шветсия анҷом дода шуд, маълум намуд, ки манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо ба саломатӣ ва рафтори хонандагон ҳатто берун аз ҳудуди мактаб низ таъсири мусбат мерасонад.
Тавре АЗЕРТАҶ иттилоъ додааст, маълум шуд, ки хонандагони мактабҳои бе гаҷет (дастгоҳҳои технологӣ) ба ҳисоби миёна 10 дақиқа бештар хоб мераванд ва эҳтимоли он ки онҳо на кам аз ҳашт соат хоб мекунанд, аз 38% бештар аст. Ин махсусан муҳим аст, зеро норасоии хоб мушкилии маъмул дар байни ҷавонон аст, ки ба солимии равонӣ ва қобилияти омӯзишии онҳо таъсир мерасонад. Илова бар ин, донишҷӯёни ин гуна мактабҳо аз пеш аз хоб аз смартфонҳо камтар истифода мебаранд.
Ҳамчунин иртибот байни манъи телефонҳои мобилӣ ва давомот дар дарсҳо ошкор шудааст. Муҳаққиқон инро ба он марбут медонанд, ки набудани телефонҳо дар мактаб хатари истифодаи онлайнро коҳиш дода, мактабро ба муҳити амн табдил медиҳад. Натиҷаи дигари муҳим- ин коҳиши вақт- ба ҳисоби миёна 33 дақиқа дар як рӯз аст, ки хонандагон онро ҳангоми бозӣ бо телефон берун аз мактаб истифода менамуданд.
Гарчанде ки таҳқиқот тағйироти ҷиддие ошкор накард, вале муаллифони он таъкид менамоянд, ки аз нуқтаи назари саломатии аҳолӣ ҳатто беҳбудиҳои хурд низ муҳим ҳастанд. Онҳо манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳоро тадбири камхарҷе меҳисобанд, ки метавонад натиҷаҳои мусбати дарозмуддат диҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тавассути сиёсати дурусти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қонунгузорӣ барои пешгирӣ намудани зарари телефон барои хонандагон ва донишҷӯён дар қонунгузорӣ якчанд меъёри манъкунанда муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. Инчунин дар сархати 7, қисми 1, моддаи 51 ин қонун муқаррар шудааст, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадоранд дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд.
Агар ба таърихи қонунгузории соҳаи маориф назар афканем, ин муқаррарот дар мамлакат аз соли 2009 ҷой дорад. Чунки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф», қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шуда буд: «Дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) овардан ва истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ аз ҷониби донишҷў, докторант, аспирант, унвонҷў ва омўзгор истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст».
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ин самт нисбат ба давлатҳои хориҷӣ пешсаф мебошад. Масалан, дар қонунгузории Фаронса соли 2017, Испания соли 2020, Федератсияи Русия соли 2021 ва Британияи Кабир соли 2024 чунин муқаррарот ҷойгир карда шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд






