Намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ барои рушди фаъолияти ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам меорад

Март 12, 2025 16:38

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 1 то 21 март дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и пойтахт ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакию Файзобод ҳунари дасти худро ба намоиш-фурӯш гузоштаанд. Либоси миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, тоқию ҷузвдонҳо, зару зевар ва армуғонҳо аз ҷумлаи маҳсули дасти ҳунармандон мебошанд, ки ба намоиш-фурӯш гузошта шудаанд.

Ин намоиш бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик соли дуюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Ҳамчунин маҳсули дасти ҳунармандон дар ҷашнвораҳои бошукуҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияю симпозиумҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Раъно Давлатзода зимни суҳбат иброз дошт, ки баргузории намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ мусоидат менамояд.

«Дар ноҳияи Файзобод беш аз 10 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо занон ҳунарҳои мардумиро рушд медиҳанд. Аксари ин коргоҳҳо барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ либоси ягонаи мактабӣ медӯзанд, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ тасвир ёфтаанд», — гуфт Раъно Давлатзода.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, тасвири нақши миллӣ дар либосҳои мактабӣ як навъи бренди миллӣ маҳсуб мешавад. Дар аксар давлатҳои ҷаҳон хонандагон шиму костюм ва нимдоманро бо рангҳои гуногун мепӯшанд, аммо рамзи фарқкунанда дар онҳо кам дида мешавад. Дар ин замина ҳунармандони ноҳия мехоҳанд дар либоси мактабии хонандагон бренди миллиро ҷой диҳанд.

Ҳунарманд аз шаҳри Ваҳдат Мамлакат Раҳимова аз соли 2015 ин ҷониб дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ иштирок намуда, чандин ҳунари миллиро омӯхтааст. Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба Мамлакат имкон дод, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он иштирок намуда, муаррифи ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик бошад.

Ин зани ҳунарманд изҳор дошт, ки имрӯз аксари занони деҳот бо шарофати дастгирии Ҳукумати мамлакат ба ҳунармандӣ рӯ оварда, то андозае сатҳи зиндагиашонро баланд бардоштаанд.

«Дар доираи даврҳои омӯзишии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аксари занон ҳунар меомӯзанд ва онро ба фарзандону наздикони худ ёд медиҳанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занону духтарон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузоранд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол дар мамлакат шумораи занону духтарони ҳунарманд зиёд мегардад»,-гуфт ҳунарманд Мамлакат Раҳимова.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар иброз намуданд, ки «мо ҳар сол дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин дар муассисаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 130 ҳазор сокинони мамлакат, аз ҷумла беш аз 60 ҳазор занону духтаронро соҳибкасб менамоем, ки дар шароити имрӯза қонеъкунанда нест». Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар самти ҷалби боз ҳам бештари сокинон ва махсусан занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Тавассути густариш додани фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурди дӯзандагию истеҳсолӣ, ташкили ҷойи нави кор, қадрдонӣ намудани меҳнати ҳунармандон, чеварон, дӯзандагон, тарроҳон, пос доштани анъанаю суннатҳои неки ниёгон, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, ривоҷу равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан, дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат бунёди коргоҳу корхонаҳои ҳунармандӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи хуб фароҳам меорад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки мақсади асосии ин намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоиш–фурӯши чакан дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе то 21 март идома меёбад.

Дар ин макон ҳунармандону чакандӯзон ва зардӯзон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омада, ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд. Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2025 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид