Намояндаи Тоҷикистон дар Ҳафтаи идоракунии захираҳо-2025 дар Женева иштирок намуд

Март 28, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Женева Ҳафтаи идоракунии захираҳо-2025, ки дар доираи он иҷлосияи 16-уми Гурӯҳи коршиносон оид ба идоракунии захираҳо  доир гардид, ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин иҷлосияи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш  иштирок намуда, дар мавзуи «Ноил шудан ба бетарафии карбон тавассути гузариши одилонаи энергетикӣ: нақши идоракунии захираҳо» сухан гуфт.

Ҳафтаи идоракунии захираҳо-2025 ва иҷлосияи 16-уми Гурӯҳи коршиносон оид ба идоракунии захираҳо, ки 24 март оғоз гардида буд, роҳбарони давлатҳо, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро ба ҳам овард. Дар нишасти байналмилалӣ  масъалаҳои марбут ба зарурати идоракунии устувори захираҳо дар шароити гузариши энергетикӣ ва афзоиши талабот ба маъданҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об зимни суханронӣ аҳамияти рақамикунонӣ ва мутобиқгардонии низоми баҳодиҳии канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газро ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъкид намуд. Мавсуф таҷрибаи Таснифоти канданиҳои фоиданок дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳидро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ намуда, онро ҳамчун механизми муассир барои таъмини шаффофият ва самаранокии идоракунии захираҳо арзёбӣ намуд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад