Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба ҳамбастагии гендерӣ, иқлим ва амният барои сулҳи пойдор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони «Такмили ҳамбастагии гендерӣ, иқлим, сулҳ ва амният барои сулҳи пойдор», ки аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат дар ибтидои суханронӣ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ марҳалаи муҳимме хонд, ки ба сулҳу субот ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба роҳ мекушояд.
Ӯ зимни таъкид аз саъю талоши Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар таъмини сулҳу амният иброз дошт, ки Нақшаи сеюми миллии амал оид ба татбиқи қатъномаи 1325 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар тасвиби ниҳоӣ қарор дорад.
Инчунин таъкид гардид, ки соли 2025 Тоҷикистон раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказиро ба уҳда гирифтааст. Чорабиниҳое, ки дар чаҳорчӯби ин муколама ба нақша гирифта шудаанд, ба баррасии мавзуъҳои мубрам роҷеъ ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди ҳамкорӣ мусоидат менамоянд.
Дар хотима таъкид гардид, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим дар меҳвари талошҳои Тоҷикистон қарор дошта, ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар ин росто аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Намояндаи доимӣ иттилоъ дод, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе) анҷумани махсус таҳти унвони «Зан ва пиряхҳо» баргузор гардида, ба нақши занон дар ҳалли мушкилоти экологӣ бахшида мешавад.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






