Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба ҳамбастагии гендерӣ, иқлим ва амният барои сулҳи пойдор иштирок намуд

Март 18, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони «Такмили ҳамбастагии гендерӣ, иқлим, сулҳ ва амният барои сулҳи пойдор», ки аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат дар ибтидои суханронӣ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ  марҳалаи муҳимме хонд, ки ба сулҳу субот ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба роҳ мекушояд.

Ӯ зимни таъкид аз саъю талоши Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар таъмини сулҳу амният иброз дошт, ки Нақшаи сеюми миллии амал оид ба татбиқи қатъномаи 1325 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар тасвиби ниҳоӣ қарор дорад.

Инчунин таъкид  гардид, ки соли 2025 Тоҷикистон раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказиро ба уҳда гирифтааст. Чорабиниҳое, ки дар чаҳорчӯби ин муколама ба нақша гирифта шудаанд, ба баррасии мавзуъҳои мубрам роҷеъ ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди ҳамкорӣ мусоидат менамоянд.

Дар хотима таъкид гардид, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим дар меҳвари талошҳои Тоҷикистон қарор дошта, ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар ин росто аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Намояндаи доимӣ иттилоъ дод, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе) анҷумани махсус таҳти унвони «Зан ва пиряхҳо» баргузор гардида, ба нақши занон дар ҳалли мушкилоти экологӣ бахшида мешавад.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 

Март 18, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст