«НАВРӮЗ — ИДИ ЗАНОНИ ВАҲДАТСАРО». Дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии занон баргузор мегардад

Март 31, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 31.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз 1 апрел дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Наврӯз- иди занони ваҳдатсаро» Форуми байналмилалии занон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд.

Ҳадафи асосии ин форум фароҳам овардани фазои идона ва таҳкими ваҳдати занон, нақши занон дар ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти соҳибкории занон мебошад.

Дар назар аст, ки занони тоҷик, узбек ва қирғиз зимни ҷаласаҳои панелии форум масъалаҳои суннатҳои муштараки мардуми Осиёи Марказӣ, нақши ҷашни Наврӯз дар таҳкими равобити дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми занон дар таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодии минтақаро баррасӣ намоянд.

 АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд