НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили ҷашни баҳору Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вижагиҳои хоси худро дорад. Дар айёми Наврӯз одатан дар ин минтақаи баландкӯҳ барф меборад, аммо зимистони тӯлонӣ сокинонро водор менамояд, ки фарорасии баробаршавии шабу рӯз ва баҳорро бо шодӣ ҷашн гиранд. Наврӯзи оламафрӯзро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври бошукуҳ ҷашн мегиранд. Ин ҷашни миллиро дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон- «Хидирайём», ки маънояш иди бузург аст, ном мебаранд.
Наврӯз аз дигар идҳои маъмулии ин диёр калонтару бузургтар буда, дар осори шифоҳӣ суруду бадеҳаҳои мардуми ин сарзамин бо исми Наврӯз хеле зиёд омадаанд. Бо тафовути андаке Наврӯз дар вилоят тақрибан ҳамин тавр таҷлил мешавад: муҳимтарин лаҳза тоза кардани хона аст. Пеш аз ҳама, аз хона матоъ, кӯрпа ва дигар чизҳо бароварда, ба ресмон овехта мешаванд, ки рамзи ин ид аст.
Кадхудо ё марди хона ними кулчаро чун неъмати табаррукӣ байни аъзои хонавода тақсим менамояд ва баъди тановули ғизои субҳ ҳамаи чизу чораи хонаро берун мебароранд. Дар хона фақат як деги сарпӯшида бо оби гарм мемонад. Занон бо ду ҷорӯб (яке хурду дигаре бузург) ба рӯфтани хона шуруъ менамоянд. Ҷорӯби хурд барои рӯфтани деворҳо, синҷу сутунҳо ва ҷорӯби бузургтар барои рӯфтани сақф (чорхона, вассаю болорҳо) аст. Баъд аз пок намудани хона касифиҳоро ҳамроҳи ҷорӯбҳо, ки гӯё тамоми ранҷу ғам, дарду алам, беморию фақри порина дар онҳо нуҳуфтааст, аз равзани хонаи урфӣ берун меандозанд. Бозпас ба пушт нанигариста, ба хона бармегарданд ва ба шустушӯйи хона, сафедкунӣ ва наққошии деворҳо машғул мешаванд.
Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд. Бо орди наврӯзӣ дар ҳар панҷ сутуни хонаи урфӣ панҷтоӣ хол мегузоранд, дар деворҳо акси Офтоб, маҳтоб, ситораҳо, дарахти арча, гулҳо, кафтар ва нахчирро, ки рамзи хайру баракат мебошанд, мекашанд. Имрӯзҳо барои наққошии наврӯзии хонаҳо аз коғазҳои рангин истифода мебаранд.
Баъди ба охир расидани тозакунӣ мардони хонавода бо шохаҳои дарахт, ки дар рӯи онҳо нақшҳо канда шудаанд ва онҳоро бо забони шуғнонӣ «Чухъалмофак» мегӯянд, вориди хона мешаванд ва занонро бо чунин суханон табрик менамоянд: Иди баҳор муборак! Занҳо бо табақи орд интизори онҳо ҳастанд ва ба китфи росташон орд мепошанд ва ҷавоб медиҳанд: Ба рӯи шумо муборак! (Ид ба шумо ҳам муборак бошад).
Дастархони идонаро, чун анъана, таоми боҷ-кашк, ки аз донаҳои гандум бо гӯшт тайёр карда шуда, тамоми рӯз дар оташи паст пухта мешавад ва нон-ғӯзгартдъа, яъне ноне, ки аз чормағзи кӯфташуда омода гардидааст, оро медиҳанд.
Батайём (атола) баъд аз «Офтоб дар мард» дуюмин маросими идонаи наврӯзӣ аст, ки дар Бадахшон таҷлил мешавад. Вожаи «Батайём» аз номи ғизои маросимии солинавии «бат» гирифта шудааст. Батро, ки аз ҷиҳати мазза ва намуд ба дулма ё атола шабоҳат дорад, аз равған, шир ва орди навъи гандуми сурхаки ширинтаъм таҳия менамоянд. Агар ба ҷойи гандуми сурхак навъи дигари гандумро ба кор баранд, он вақт барои ширин шудани таъми бат аз талқон ё қанд истифода менамоянд.
Шеваи пухтани бат чунин аст: аввал дар дег равғанро доғ намуда, баъд орд меандозанд. Вақте ки орд бирён шуд, шир ва намакро ба он ҳамроҳ карда, то як соат меҷӯшонанд.
Дар деҳоти ноҳияи Рӯшон «Батайём»-ро се рӯз (чаҳоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) ҷашн мегиранд. Рӯзи аввал хонасафедон (хонасафедкунӣ) унвон дорад, рӯзи дуюм батпазӣ (пухтани таоми идона) ва рӯзи сеюм салом-салом (хабаргирии хешону ҳамсояҳо).
Дар Бадахшон таҷлили якҷояи Наврӯзро хеле дӯст медоранд. Сокинон ба пешвози баҳор ҷамъ омада, тантанаҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ ва зиёфат ташкил менамоянд ва аз ин чорабиниҳо якҷоя баҳравар мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд






