Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Рӯзҳои фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ ва дигар боғҳои фарҳангии пойтахт баргузор гарданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардид.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз зиёда аз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошанд. Боварӣ дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад».
«Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад»,- чунин даъват намуданд Сарвари давлат.
АКС аз манбаъҳои боз








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






