РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд

Июнь 5, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам кардани чангу ғубор ва обшавии пиряхҳо то соли 2040 дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беш аз 2 миллиард дарахт шинонида, ҷумҳуриро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба «кишвари сабз» табдил диҳад.

Ин дар ҳолест, ки 5 июн дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист (World Environment Day) таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таъсиси ин сана баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба масъалаҳои экология ва ҳифзи табиат, олами набототу ҳайвонот, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва мубориза бо тағирёбии иқлим мебошад.

Ин сана дар асоси Эъломияи Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба мушкилоти муҳити зисти инсон, ки соли 1972 дар Стокголм доир шуд, эълон гардид. Ин эъломия тамоми давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро уҳдадор намудааст, ки фаъолияти худро ба самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона созанд. Ҳамзамон дар ин санад омадааст, ки ҳифзи муҳити зист барои аҳолии кураи замин ва насли ояндаи сайёра вазифаи аввалиндараҷаи аҳли башар аст.

Масъулияти инсон дар назди табиат

Мақсади асосии Рӯзи байналмилали ҳифзи муҳити зист, маротбаи дигар таъкид намудани аҳамияти ҳифзи табиат, нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва масъулияти инсон дар назди табиат, муҳити атроф арзёбӣ мегардад, зеро табиат неъмати бузург ва асоси зиндагии инсон мебошад. Ҳавои тоза, оби мусаффо, замини ҳосилхез, кӯҳҳои сарбаланд, ҷангалу наботот ва тамоми мавҷудоти зинда қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон мебошанд. Агар муҳити атроф солим бошад, ҷомеа низ солим ва зиндагии мардум орому осуда мегардад. Аз ҳамин сабаб, масъалаи ҳифзи муҳити зист имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат низ зиёд шудааст

Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бар он назаранд, ки бо рушди босуръати техника ва саноат инсоният ба дастовардҳои зиёд ноил гардид, вале, мутаассифона таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат низ зиёд шуд. Ифлосшавии ҳаво, кам гардидани захираҳои об, буридани дарахтон, афзоиши партовҳои гуногун, гармшавии иқлим ва дигар мушкилоти экологӣ имрӯз мушкилоти ҷаҳонӣ шудаанд.

Олимону коршиносон пайваста ҳушдор медиҳанд, ки агар инсоният нисбат ба табиат муносибати оқилона ва масъулонаро ба роҳ намонад, дар оянда бо мушкилоти ҷиддии экологӣ мувоҷеҳ мегардад.

Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии дорои табиати нодир ва захираҳои бузурги обӣ ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мамлакатамон дорои табиати нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои сероб ва гуногунии олами набототу ҳайвонот буда, ин сарватҳои табиӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бо ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими сиёсати фаъоли ҳифзи табиат ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати пешсаф шинохта шудааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва эълон гардидани Соли ҳифзи пиряхҳо аҳамияти ҷаҳониро касб намудаанд.

Обшавии пиряхҳо нигароникунанда аст

Имрӯз яке аз масъалаҳои нигаронкунанда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ ва обёрии минтақа ба ҳисоб мераванд. Обшавии босуръати онҳо метавонад дар оянда ба норасоии об ва мушкилоти ҷиддии экологию иқтисодӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, тозагии ҳавои атмосфера ва коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат тадбирҳои мушаххас андешад.

Партоҳоро дар ҷойҳои номувофиқ напартоед, зарфҳои пластикиро насӯзонед!

Ҳар яки мо бояд дар нигоҳ доштани тозагии кӯчаҳо, маҳаллаҳо, боғу истироҳатгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми назарраси худро гузорем. Партофтани партовҳо дар ҷойҳои номувофиқ, сӯзондани пластик ва муносибати беэҳтиётона ба табиат на танҳо ба муҳити атроф, балки ба саломатии инсон низ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Корхонаҳои коркарди дубораи партовҳо бояд сохт

Имрӯз дар бисёр давлатҳои ҷаҳон коркарди дубораи партовҳо ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳо кам гардида, муҳити зист ҳифз шавад. Моро низ зарур аст, ки сатҳи фарҳанги экологии ҷомеа, махсус ҷавонону наврасонро баланд бардорем, истифодаи аз ҳад зиёди маҳсулоти пластикиро коҳиш диҳем ва муҳити атрофро тоза нигоҳ дорем.

Дарахт биншон!

Яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи муҳити зист сабзгардонӣ ва ниҳолшинонӣ мебошад. Дарахт сарчашмаи ҳаёт буда, ҳаворо тоза мекунад ва барои нигоҳ доштани мувозинати экологӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, ҳар як ниҳоле, ки шинонида мешавад, саҳми арзанда дар ҳифзи табиат ва беҳтар намудани муҳити зиндагии мардум мебошад.

Ҳифзи муҳити зист бояд ба фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ табдил ёбад

Ҳифзи муҳити зист натанҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як инсон мебошад. Ҳар шахс метавонад бо амалҳои одӣ – сарфаи обу неруи барқ, нигоҳ доштани тозагӣ, шинонидани дарахт, муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва риояи фарҳанги экологӣ дар ҳифзи муҳити атроф саҳм гузорад. Имрӯз инсоният бояд дарк намояд, ки табиат мероси бебаҳо барои наслҳои оянда аст. Агар мо имрӯз муҳити зистро ҳифз накунем, насли оянда бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳифзи табиат бояд ба фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ табдил ёбад.

Барои наслҳои оянда, сарзамини сабзу хуррам ва муҳити солимро мерос гузорем

Рӯзи байналмилалии муҳити зист моро водор месозад, ки нисбат ба табиат бештар масъулиятшинос бошем ва дар нигоҳдории он саҳми худро гузорем. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва инсон бояд онро ҳифз намояд. Агар мо имрӯз барои ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарурӣ андешем, метавонем барои наслҳои оянда, сарзамини сабзу хуррам ва муҳити солимро мерос гузорем.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 5, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ: СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад